Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад

    Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад

    2024-08-25
    140

     Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

    Дар  ид кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.

    Иди тарбуз, харбуза ва каду бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад.

    Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар 23 ҳазору 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт гардидааст, ки аз он 18 615 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад.

    Ҳамчунин гуфта шуд, ки то 1 август дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565 ҳазору 310 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19 ҳазору 281 тонна зиёд мебошад.

    Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат,  дар намоиш-фурӯш  навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта мешаванд, ки меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд аз он харидорӣ намоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ