Шоми имрӯз, 27 август чорабинии сайри рӯзноманигорон ба инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе ва маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Зимни он ғолибони «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе», ки дар ду номинатсия: «Шахсони ҳуқуқӣ» ва «Шахсони воқеӣ» баргузор гардид, муайян ва қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Шахсони воқеӣ» Дилбар Наҷмиддинзода сазовори ҷойи якум, Саидаҳмад Саидов сазовори ҷойи дуюм ва Фирдавс Бобоназаров сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Инчунин дар номинатсияи «Шахсони ҳуқуқӣ» ҷойи якум ба Муассисаи давлатии «Телевизион Душанбе», ҷойи дуюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳтур» ва ҷойи сеюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон трэвел» сазовор дониста шуд.
Ҳамзамон ғолибони «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» муайян ва қадрдонӣ шуданд. Барои беҳтарин акси сайёҳӣ суратгир Дидор Саъдуллоев сазовори ҷойи якум дониста шуд. Инчунин Шоҳрух Носирзода соҳиби ҷойи дуюм ва Фаррух Файзуллозода сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ғолибони озмунҳо барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии мамлакат буда, рушду инкишофи ҷумҳурӣ аз набзи рӯзафзуни он иборат мебошад.
Таъкид шуд, ки ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе симояшро ба куллӣ тағйир дода, бо ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва азму талошҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишиву оммавӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ табдил ёфтааст.
Барои ноил шудан ба ин мартаба инфрасохтори шаҳр пурра ҷавобгӯ гардида, бунёди босуръати иншооти маъмуриву маишӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, қасру майдонҳои варзишӣ, роҳу пулҳои дохилишаҳрӣ, хизматрасонии мусоиди нақлиётӣ, гулгашту хиёбонҳои сабзу барҳаво, фазои амну осоишта ва муносибати неки шаҳрвандонаш исботи ин гуфтаҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз чорабинӣ барои рӯзноманигорон саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.