Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ!». Ин озмун дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад

    «ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ!». Ин озмун дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад

    2024-08-28
    117

     Бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода байни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Таътилро босамар гузаронем!» ба тариқи фосилавӣ озмуни китобхонӣ ба роҳ монда шуд, ки 4 сентябр- дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад. 

    Дар доираи ин иқдом ҳар иштирокчӣ дар зодгоҳ ё ҷои истиқомат ҳангоми мутолиаи китоб акс гирифта, ҳамзамон дар бораи китоби хонда истодааш маълумоти мухтасар илова намуда, ба суроғаи донишгоҳ ирсол менамояд.

    Озмун 20 июл оғоз гардида, то имрӯз дар он зиёда аз 30 нафар иштирок намуд. Довталабон имкон доранд то 4 сентябр дар озмун иштирок кунанд.

    Довталабон аз рӯйи номинатсияи акси китобхони беҳтарин, манзараи беҳтарин ва намунаи нақли беҳтарин аз рӯйи китоби мутолианамудаи иштирокчӣ аз ҷониби устодони факултети филологияи донишгоҳ ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

    Ёдовар мешавем,  ки 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.

    Рӯзи китоб ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон ва мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят менамоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ