Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ як зумра кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд

    Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ як зумра кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд

    2024-09-03
    111

    Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. 

    Дар ҳамоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода доир ба мақому манзалати Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, нақши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлоли миллӣ таъкид намуд.

    Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат мардуми шарифи Тоҷикистон иду ҷашнҳои милливу давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд. Зеро истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили асосии рушду тараққӣ ва  ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

    Таъкид шуд, ки имрӯз дастовардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро истиқлолият ҳамчун шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар давлатҳои олам шинохта шудааст.

    Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандон мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.

    АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ