Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд, чунин ибрози назар намудааст декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф дар мақолаи худ бахшида ба Рӯзи китоб, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Ҳадафи чунин иқдом боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард.
Далели ин гуфтаҳо бунёди китобхонаҳои наву замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор китобхона бо фонди зиёда аз 30 миллион нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд. Бунёди Китобхонаи миллӣ ва даҳҳо китобхонаҳои замонавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин баргузории озмуну фестивалҳо ба хотири гиромидошти китоб далели таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.
Бо дарки муҳимияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ ба дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.
Татбиқи нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ ва дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имконияти боз ҳам васеътар фароҳам овард.
Миллати мо дар ҳама давру замон новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобофар буда, зиндагии хешро бе китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгори хешро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас бениҳоят бузург аст. Ба ин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».
Бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили Рӯзи китоб ёдовар шуд.
Бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа беш аз пеш меафзояд. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз ҷумлаи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, бо шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд мегардад ва ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон барои ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош менамояд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода