Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

    Адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

    2024-09-04
    96

    Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

    Мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуда, иброз дошт, ки чун анъанаи наку дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони гуногункасби ҷумҳурӣ, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.

    Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.

    Темур Зулфиқоров бо асари «Достони марги Амир Темур» (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин романи Аврупо-93» ва ҷоизаи «Кол­етс»-и Британияро дарёфт кард.

    Асари «Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтарини сол» (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Меррилл» (Ҳолливуд) гардид.

     АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ