Дар доираи таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла саркоргардони Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" Муҳаммадрабии Исмоил бо Медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шуд.