Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши илмро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ба таври возеҳ муайян сохта, давоми зиёда аз сӣ соли охир нисбат ба ин соҳаи сарнавиштсози миллату давлат ғамхории зиёд зоҳир намуданд. Аз ҷумла, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мақоми ниҳоди илмии миллиро гирифта, дар баробари ин академияҳои соҳавӣ дар самти таҳсил ва кишоварзӣ таъсис ёфтанд, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб чор маротиба афзуда, барои рушди илми донишгоҳӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
— Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таъсис дода шуда, якшанбеи сеюми моҳи апрел дар қонунгузории ҷумҳурӣ расман «Рӯзи илми тоҷик» эълон гардид. Вобаста ба ин тамоми ниҳодҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ то ҳадди имкон дар рушди илм ва мутаносибан, ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа саҳм гузоштанд.
Барои намуна метавон мисол овард, ки дар ин давра танҳо дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, ки ҷузъи сохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, зиёда аз 350 монографияи илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба нашр расида, ҳамасола то 250 мақолаи илмӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои сиёсати давлат ва тарғибу ташвиқи он чоп мешаванд.
Дар даврони истиқлолият зиёда аз 40 осори мутафаккирони тоҷик аз хатти ниёгон баргардон ё аз забони арабӣ тарҷума шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда шуданд. Аз ҷумла, осори Ибни Сино бо забони тоҷикӣ дар 15 ҷилд, бо забони русӣ дар 8 ҷилд, асарҳои Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва ғайра. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар маҷмуъ 60 мавзуи фармоишии илмӣ иҷро гардидааст.
Қонунгузории ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илм арзи ҳастӣ намуда, даҳҳо консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ дар самти илм ва инноватсия қабул ва амалӣ шуданд. Аз ҷумлаи чунин санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии созанда метавон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», инчунин Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва ғайраро номбар намуд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат арҷгузорӣ ба шахсияти олимро ба сатҳи олӣ бардоштанд. Бо ин мақсад бо иқдоми шахсии Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо ба нашр расид. Барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника: ба номи академик С.У.Умаров – дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, ба номи академик Е.Н.Павловский – дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ, ба номи академик М.С.Осимӣ–дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ, ба номи академик Ҳ.Ҳ. Мансуров – дар соҳаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — дар самти таърих ва шарқшиносӣ муқаррар карда шуданд.
Маблағгузории соҳаи илм ва маориф таҳти назорати шахсии Президенти Тоҷикистон қарор дошта, пайваста меафзояд. Аз ҷумла, соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида буд ва дар буҷети соли 2024 барои ин зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қариб 4 ҳазор маротиба зиёд мебошад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30 майи имсол ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро бо мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшанд ва имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо, фаъолсозии минбаъдаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар тамоми соҳаҳои илм аз ҳар олим ва ниҳоди илмӣ тақозо карда мешавад.
Ба масъалаҳои илм ва ҷаҳонбинии илмӣ таваҷҷуҳ намуда, дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз намуда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Аз ин рӯ, амалисозии ин дастур на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Хуршед ЗИЁӢ,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор