Истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки барои татбиқи барномаҳои рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ талош намоем. Ба даст овардани озодии сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки оид ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем. Аз ин рӯ, мо бояд дар бунёди давлати соҳибистиқлол бо ифодаи иродаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем, то тавонем ҷомеаро ба пояи баланди рушди иқтисодию сиёсӣ ва илмию техникӣ бардорем, бахусус дар ин марҳилаи тақдирсозе, ки тарбияи худшиносии миллӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Чунин ибрози назар намудааст узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон.
— Албатта, тафаккури озод ба ҳар шахс муяссар намегардад, ин дар натиҷаи аз худ намудани дониш, арзиш, тасаввурот ва мавқеъе даст медиҳад, ки инсон дар раванди иҷтимоикунонии сиёсӣ қисме аз онҳоро ба даст оварда, қисми дигарашро дарк намудааст.
Ҳамин тавр, озодӣ, инкишофи тафаккури озод ва истиқлол маънии муҳими мавриди дарк, таваҷҷуҳ ва таҳлили сиёсат гардидаанд, ки одамон ҳаёти худро ба онҳо вобаста медонанд ва баҳри онҳо ба ҳама кор қодир мебошанд. Аз ин рӯ, инсон барои шинохт ва ҳидояти хеш ба худшиносӣ бояд қудрати эҷод, доноӣ, таҳлил ва фикри тоза дар маърифати ҳастӣ дошта бошад.
Соҳибистиқлол будан аллакай маънои доштани тафаккури озод ва соҳибихтиёриро ифода менамояд. Ба маънои дигар, чунин метавон гуфт, ки як инсон метавонад дар анҷоми кори худ озод бошад, аммо аз истиқлоли камтаре дар корҳояш баҳраманд гардида, он корро бо ёрии дигаре ба анҷом расонад. Пас, он инсон озод аст, вале истиқлоли нисбӣ дорад, на истиқлоли комил. Аз тарафи дигар, агар як инсон ё миллате имконият дошта бошад, ки мустақилона кореро анҷом диҳад, вале бар сари роҳи ӯ монеа пайдо шавад, он инсон ва ё ҷомеа мустақил ҳаст, аммо комилан озод нест.
Ҳамин тавр, алоқамандии мафҳуми «истиқлол» ва озодиро чунин хулоса намудан мумкин аст, ки озодӣ ба маънои набудани монеа барои анҷоми корҳо тавассути як шахс ё як миллат аст ва фарқе надорад, ки он мустақилона анҷом мешавад ё ғайримустақил. Аммо истиқлол ба маънои тавоноии худ ба худ ва ба танҳоӣ анҷом додани корҳоро мефаҳмонад, ки ҳатман шахс ё ҷомеа бояд озод бошад, то битавонад он корро анҷом диҳад. Яъне, набудани озодӣ истиқлолро низ аз фард ва ҷомеа мегирад. Аммо набудани истиқлол ҳатман озодиро аз фард ва ҷомеа намегирад, зеро шахс ё ҷомеа метавонад кореро бо ёрии дигаре ва ғайримустақилона, вале бо озодӣ анҷом диҳад. Дар акси ҳол шахс ё ҷомеа кореро, чӣ бо истиқлол ва чӣ бе истиқлол, чӣ мустақилона ва чӣ ғайримустақил, бе озодӣ аслан наметавонад анҷом диҳад.
Истиқлол на танҳо ҳолати озодии сиёсии инсон, балки идеологияи муттаҳидии миллату давлат ба шумор меравад. Агар мо ба хусусияти истиқлол назар афканем, мебинем, ки ин зуҳурот имконият ва фарқияти гуногун дорад.
Беҳуда нест, ки мафҳуми «истиқлол» дар амал ҳамчун истиқлоли олӣ ва мустақилият истифода мешавад, ки яке эълон мешаваду дигаре эътироф.
Ҳамин тавр, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар айни замон 192 давлати дунё эътироф кардааст. Агар соли 2013 равобити дипломатӣ бо 128 мамлакати ҷаҳон барқарор шуда бошад, соли 2020 шумораи онҳо ба 178 расида, ки тақвияти эътирофи истиқлоли давлатдории мо мебошад. Инчунин формулаи маъмули маънои истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст. Ҳамин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтаанд ва мамлакатҳои ҷаҳон онро ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор эътироф намудаанд.
Соҳибихтиёрӣ ё истиқлоли комил доштани давлат молики ҳақиқии воситаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ будани халқро мефаҳмонад. Худ аз худ эълон гардидани соҳибистиқлолии давлат, ҳатто дар сатҳи конститутсионӣ ҳанӯз комилҳуқуқии онро таъмин карда наметавонад. Фақат дар заминаи мустақилияти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ халқ метавонад ба таври озодона идора кардани корҳои давлат ва ҷамъиятро ташкил намояд. Соҳибихтиёрию истиқлоли давлат бо асосҳои демократии сохтори ҷамъиятӣ, давлатӣ ва татбиқи ҳақиқии онҳо вобаста аст.
Мавриди таъкид аст, ки соҳибихтиёрӣ истиқлоли давлатиро ҳамчун организми том ва давлатро ҳамчун давлати таъсисёфта муаррифӣ менамояд. Соҳибихтиёрии давлатӣ волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷии мамлакат аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми давлат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад кардан дорад.
Истиқлол на танҳо барои бақои давлату сарзамин, балки барои ҳифзи шараф ва таъмини амалии озодиҳои ҳар шаҳрванд шароит фароҳам оварда метавонад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат ва амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандӯстӣ пайваста заҳмат кашему мардумро дар руҳияи ватанхоҳию ватанпарастӣ тарбия намоем.
Ба ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хусусияти ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад. Соҳибистиқлолии давлат дар амал- ин фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти сершумори давлат оид ба иҷрои вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлатӣ мебошад. Албатта, инро ба салоҳияти ин ё он мақомоти давлатӣ алоқаманд донистан нодуруст аст.
Шакли дигари ифодаи соҳибихтиёрии халқ соҳибихтиёрии миллӣ аст. Миллати тоҷик қисми таркибии халқи Тоҷикистон буда, дорои хусусияти ба худ хос аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ифодакунандаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии тамоми мардуми ҷумҳурӣ аст.
Хулоса, масъала дар он аст, ки мо бояд идеология ё ин ки роҳҳои ҳифзи истиқлоли сиёсиро ташвиқу тарғиб намуда, муҳимияти онро барои бақодории миллат баррасӣ карда тавонем. Барои ҳалли ин гуна масъалаҳо аз нигоҳи назариявӣ бояд тамоми дастоварду арзишҳои миллиро ба истиқлолу озодӣ вобастаю пайваста донем. Аз тарафи дигар, усул ё идеологияи муносибатҳоеро ба миён овардан зарур меояд, ки барои рушди ояндаи давлату миллат хизмат намуда тавонад.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба мо имконият дод, ки барои татбиқи барномаҳои рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки имрӯз симои мамлакатро ба куллӣ дигаргун сохтаанд, талош намоем. Пешрафтҳои дар ин самт бадастоварда ҳама самараи истиқлоли сиёсӣ ҳастанд ва мо вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани маҳбуб, худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ боз ҳам афзунтару устувортар гардонем.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор