Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт миннатдорӣ баён намуданд

    Пешвои миллат барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт миннатдорӣ баён намуданд

    2024-09-09
    124

    Дар давоми се соли охир дар ноҳияи Ашт 850 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барзиёд таъмин гардидааст. Ин дастовард боиси аҳсан ва намунаи ибрат барои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. Барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт як ҷаҳон ташаккуру миннатдории худро баён менамоям. Чунин иброз намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт, ки 8 сентябри соли равон доир гардид.

    «Мо зимни сафари навбатӣ ба ноҳияи Ашт ба фаъолияти якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла майдони Нишони давлатӣ, корхонаҳои нассоҷӣ, фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, маҷмааи варзиш ва маркази савдову хизматрасонӣ оғоз бахшида, шоҳиди вусъати корҳо дар як қатор иншооти дигар гардидем. Бояд гуфт, ки сокинони ноҳия, махсусан, соҳибкорони бонангу номуси он бо кору фаъолияти содиқонаашон дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ҷодаи рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бунёди роҳу пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд»,-изҳори қаноатмандӣ намуданд Пешвои миллат.

    Сарвари давлат хотиррасон шуданд, ки дар натиҷаи чунин иқдомоти ватандӯстона барои аҳолӣ то имрӯз ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дода шудаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ашт 26 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

    АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ