Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд

    2024-09-11
    137

    11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

    Дар маҷмуъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар синфхонаҳои фаннии химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва ҳуҷраи инкишофи кӯдак мутобиқ ба талаботи замони ҳозира барои омӯзиш имконият фароҳам оварда шудааст.

    Инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои маҷлисгоҳ бо 190 ҷойи нишаст, китобхона, ҳуҷраи хониш ва толори варзишӣ мебошад.

    Зимни шиносоӣ бо шароити таълим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгорону хонандагонро ба истифодаи самарабахши аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошанд.

    Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 соли 2019 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шудааст.

    Бо мақсади таъмин намудани гармӣ дар муассиса дегхона ва қубурҳои оби гарм насб карда шудааст.

    Инчунин барои тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар саҳни муассиса ду майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшудаи омӯзишӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро ҷиҳати истифодаи судбахш аз имкониятҳои мавҷуда, таълиму тарбияи дурусти хонандагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, тарғиби аҳамияти Истиқлолу хештаншиносӣ ва ба воя расонидани кадрҳои лаёқатманд вазифадор намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ