Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд

    2024-09-11
    123

    11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд.

    Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то ба шаҳраки Дарбанд оби нӯшокӣ бо қубури кутраш 273 мм тариқи худҷорӣ оварда шудааст. Он ба обанбори марказӣ, ки ғунҷоишаш ба 4000 метри мукааб баробар аст, ворид мегардад. Тавассути обанбор 3 500  нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.

    Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати муаяншуда, бо сифати баланд анҷом ёфт. Барои саривақт ва дар муҳлати пешбинигардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида буд.

    Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар шаҳраки Дарбанд талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акунун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нӯшокии “Шолидара — Дарбанд” сокинони шаҳрак шабонарӯзӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

    Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия ва деҳоти дурдасти кишвар амалӣ гардид.

    Сарвари давлат масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинон тақвият бахшанд.

    Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоистаи роҳбарияти олии давлат буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин шабакаи оби ошомиданиро ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ