12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳияи Лахш муҳайё гардидааст.
Бинои нави шуъбаи молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бинои нав аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои кормандон шароити хуби фаъолият фароҳам гардидааст.
Сохтмони бино соли 2021 оғоз гардида, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Иншооти нав дар масоҳати 0,07 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 255 метри мураббаъ мебошад.
Атрофи бино бо гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ зиннат дода шудааст. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст. Ҳамчунин атрофи бино чароғон гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷети давлатӣ муваззаф намуданд.
Бинои нави Раёсати молия бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин карда шудааст.
Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои пешрафт, рушди иқтисодиёт ва ташаккули низоми молиявӣ саъю кушиши бештар ба харҷ медиҳанд.