Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд

    «ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд

    2024-09-12
    108

    Бо мақсади баргузории санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ва омода намудани либосу реквизитҳо гурӯҳи эҷодии «Узбекфилм» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм хабар» доданд

    Гурӯҳи корӣ санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро 10 сентябр дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оғоз намуд, ки то 13 сентябр идома меёбад.

    Ҳамзамон дар ин рӯзҳо сохтани ороишу саҳна ва пешниҳоду тасдиқи лоиҳаи ангоравии либосҳо дар назар аст.

    Давраи наворбардории филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» соли 2024 оғоз гардида, соли 2025 идома меёбад.

    Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба  навор гирифта  мешавад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ