Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд

    Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд

    2024-09-16
    97

    Дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Прага чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об барои рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. 

    Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои иштирокдори  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок карданд.

    Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (Душанбе, 10-13 июни 2024), қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» маълумот дод.

    Исматулло Насредин тавсеаи ҳамкории кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар пешгирӣ ва рафъи хатару чолишҳои марбут ба обу иқлим, таҳияву татбиқи абзорҳои муштарак, ҳамчунин пешниҳоди кумакҳои молиявӣ ва фаннӣ ба кишварҳои осебпазир муҳим арзёбӣ кард.

    АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ