«Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» — таҳти ин унвон раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро эълон менамояд.
Озмун дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Озмун аз рӯйи 4 равия- забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давра гузаронида мешавад.
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи сентябр баргузор мегардад. Аз ин давр танҳо 1-нафарӣ ғолиб аз ҳар равия тибқи ҷадвали замимашуда то 25 сентябр барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод мешавад.
Даври дуюм ва ниҳоии озмун 1 октябри соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор мегардад.