Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024». Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

    «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024». Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

    2024-09-20
    199

    Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.

    Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: омӯзгори фанни физикаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Меҳрангези Аслиддин, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Сулейманова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрона Атоева ва омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Некбахт Ҳасанов иштирок менамоянд.

    Тибқи тартиб, қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» аз Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун ба Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе рафтанд.

    Довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ