Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

    УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

    2024-09-20
    159

    19 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Устод Рӯдакӣ – бунёдгузори фарҳанг, адабиёт ва забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

    Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар конференсия олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ суханронӣ намуданд.

    Зимни ифтитоҳи конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода таъкид дошт, ки «воқеан ҳам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс саҳми беандоза гузошта, то замони мо мероси гаронбаҳояш дастраси дӯстдорону ҳаводорони шеъру адаб гардидааст. Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, рӯзгору осор ва ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст».

    Рӯдакиро бартарии шоирони араб, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор ва ҳакими Хуросон хондаанд.

    Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ