Пагоҳ, 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он панҷ нафар иштирокчии фаъол бо Шоҳҷоиза ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи аз 35 то 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Имсол дар даври аввали озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст.
Озмун давоми шаш сол доир шуда, дар ҳар номинатсияи он се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мавҷуд аст. Дар ҳар номинатсия довталабон дар ду синн: аз 12 то 17 – сола ва аз 18 то 40 – сола иштирок мекунанд, ки барои ҳар жанр як ҷойи якум, ду ҷойи дувум ва ду ҷойи сеюм ҷудо гардидааст. Тибқи тағйироти имсола, дар номинатсияи композиторӣ довталабони аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.
Тибқи Низомнома, озмун имсол аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид. Имсол иштирокчиёни номинатсияи сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ба чунин синну сол ҷудо гардиданд: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола. Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок намуданд.
Озмун дар се давр доир гардид, яъне даври якум моҳи апрели имсол дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюми озмун дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола ҳуқуқи иштирок кардан доштанд. Дар ин номинатсия се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ муайян шуда, дар ҳар жанр панҷ ҷой муайян гардидааст, яъне як ҷойи якум 35 ҳазор сомонӣ, ду ҷойи дуввум 25 ҳазор сомонӣ ва ду ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ. Дар номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ низ се жанр ва ду гурӯҳи синнусолӣ иштирок намуданд, ки дар ин номинатсия ва жанрҳои он низ панҷ ҷой муайян гардид. Инчунин дар жанри санъатӣ тасвирӣ ва дизайн ду гурӯҳи синнусолӣ: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола иштирок намуд. Дар ин номинатсия жанрҳои дизайни графика, реклама, дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ва панҷ ҷойи ифтихорӣ муайян шудаанд.
Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Шоҳҷоиза мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Ҳамчунин Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки дар оҳангсозӣ-бастакорӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ҳунарҳои наққошиву дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз ғолиби ҷойи якум болотар аст. Соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо менамоянд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олие, ки дар ин озмун соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги мамлакат, инчунин ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгон ҳуқуқи таҳсил доранд.
Инчунин дар ин рӯз устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст овардаанд, бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ 5 октябр, соати 14:00 муайян гардидааст.