Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    2024-10-05
    131

    Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

    Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, бо таманниёти нек ба Сарвари давлати мо   саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.

    Зимнан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми беназири Пешвои миллатро дар таҳкими пояҳои давлатдории мардуми Тоҷикистон, нуфуз ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври хосса таъкид карданд.

    Дар идомаи суҳбат аз сатҳи баланди муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда,  ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ намуданд.

    Ҳарду ҷониб омодагии худро барои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои то имрӯз бадастомада, ҳамчунин, саъю талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои кишварҳои мо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ иброз намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ