Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид

    Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид

    2024-10-05
    168

    Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко анҷом ёфт.

    Раиси Палатаи болии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон самимона табрик намуданд.

    Пешвои миллат, аз ҷониби худ бо таманниёти  сиҳатмандиву комёбӣ муҳтарам Валентина Матвиенкоро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Раиси Шӯрои Федератсияи Русия табрик гуфтанд.

    Дар ҷараёни суҳбат оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия табодули афкор анҷом ёфт. Дар робита ба ин ба робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ заминаи мустаҳками муносибатҳои Тоҷикистону Россияро ташкил медиҳанд ва рушди бомароми робитаҳои байнипарлумонӣ ба ҳайси қисми таркибии он идома дорад.

    Ҳамчунин, оид ба тамосу чорабиниҳои дарпешистода, ки  хусусияти байнипарлумонӣ доранд, табодули афкор сурат гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ