Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд

    КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд

    2024-10-08
    123

    Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, шакар, биринҷ, равған ва макарон дастрас карда шуд.

    Зимни тақсими кумакҳои Пешвои миллат сокинон ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин ғамхорӣ миннатдорӣ баён намуданд, зеро дар пеш фасли зимистон буда, ин кумак хеле саривақтӣ мебошад. Кумаки навбатӣ ба гурӯҳи осебпазири шаҳри Хоруғ тақсим карда шуд. Миқдори муайяни озуқаворӣ таҳти роҳбарии аъзои комиссияи давлатию вилоятӣ ба ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим фиристонида шуд.

    Намояндагони Ҳукумати мамлакат ҳангоми тақсими кумаки Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста кумакҳои моддиву иҷтимоӣ ва молиявӣ расонида мешаванд. Сокинони ниёзманди вилоят таъкид намуданд, ки мардуми Бадахшон ҷонибдори ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мебошанд.

    Ин иқдомро сокинони вилоят ҷонибдорӣ намуда, онро натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба гурӯҳи ниёзманди аҳолии шаҳру ноҳияҳои дурдаст арзёбӣ намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ