Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

    «ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

    2024-10-09
    167

    Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикору иқдоми судманди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе ба макони дилфиреб, назаррабо ва шаҳри дар ҳама самтҳо пешрафта табдил гардид.

    Шаҳри Душанбе ҳоло на фақат ба сифати пойтахти маъмурии давлати озоди Тоҷикистон, балки чун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон ва макони меҳварии ваҳдати халқи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Бунёди роҳҳо, бинову иншооти муҳташам, корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои фарҳангиву тафреҳӣ ва тиҷоратӣ, боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти маъмуриву хизматрасонӣ нишони иқдоми созандаи Роҳбари ҷавони шаҳр буда, раванди ташаккули тамаддуни миллатро дар худ инъикос мекунанд.

    Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки замони асосии рушду пешрафт ва ба шаҳри ободу мутараққӣ табдил ёфтани Душанбе маҳз ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, хусусан аз замони ба мақоми роҳбарӣ таъйин гардидани Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат вориди марҳилаи нави рушду пешрафт шуда, симояшро комилан дигар намуд.

    Душанбеи имрӯза ифодагари симои аслии давлату миллати куҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосса дорад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ