Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ХАБАРИ ХУШ! Шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё қадрдонӣ гардид

    ХАБАРИ ХУШ! Шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё қадрдонӣ гардид

    2023-01-17
    315

    Дар шаҳри Перми Федератсияи Россия Форуми кушодаи дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Кулябская правда».

    Шоираи тоҷик, раиси бахши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Кӯлоб, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ — гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши «Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо» қадрдонӣ шудааст.

    Шоира Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эҷоду эъҷози нобаш тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.

    Хосият Вализода 8 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонидар оилаи шоири халқӣ ва ҳофизи мардумӣ Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст.

    ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ