Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

    2024-10-12
    124

    12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

    Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.

    Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дигар шахсони расмӣ ва сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рушон бо самимияти хосса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.

    Барои истиқболи меҳмони олиқадр аҳли санъат ва ҳунар барномаи рангину фарҳангиро дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.

    Дар ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунанд.

    Имрӯз симои ноҳия бо қомат афрохтани иншооту биноҳои муосир куллан тағйир ёфтааст ва қудуми файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вусъати корҳои ободонӣ заминаи бештар мегузорад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ