Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Рушди саноат. Ураа мо аз аврупо фармоиш мегирем

    Рушди саноат. Ураа мо аз аврупо фармоиш мегирем

    2023-01-21
    340

    Дар корхонаҳои муштараки ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН»-и Суғду Италия маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ, ба монанди шиму нимшимҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоизи таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Маҳсулот дар асоси фармоиши мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

    20 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» Имерио Такелларо ба ҳузур пазируфт.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ карданд.

    Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаҳои муштарак расо 30 сол қабл бо ҷалби сармояи Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд. Дар корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот гардида истодааст. Масалан, агар соли 2017 дар ҶДММ «Ҷавонӣ» ба маблағи 89,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, соли 2022 ба маблағи 111,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Имрӯзҳо дар ин корхона 775 нафар кор мекунанд, ки маоши онҳо қариб 3000 сомонӣ мебошад.

    Дар ҶДММ «САТН» низ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба назар расида, соли 2022 дар корхона ба маблағи 108,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол

    гардид. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар корхона ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд.

    Ҷонибҳо аснои суҳбат аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ дар оянда омодагии худро изҳор доштанд.

    ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/01/korhona-oi-mushtaraki-avon-va-satn-bo-farmoishi-mizo-oni-avrupo-ma-sulot-sodirot-mekunand/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ