Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар мамлакат Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад

    Дар мамлакат Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад

    2023-01-20
    303

    Дар Тоҷикистон Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Он бо мақсади ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидан сифати таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Гуфта шуд, ки барои таҳияи лоиҳаи стандарти мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар низ ба назар гирифта шуда, дар он таҷрибаи муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон омӯхта мешаванд.

    Зимни баррасии лоиҳаи мазкур сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода ва кормандони Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ширкат варзиданд.

    Иштирокдорон ҳамзамон аз таҷрибаи муассисаҳои таълимии байналмилалии кишварҳои пешрафта, ба монанди Австрия, Канада, Полша, Федератсияи Россия истифода карда, андешаҳои худро ҷиҳати таҳия ва такмили лоиҳаи Стандарти байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ иброз доштанд.

    Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 27 сентябри соли 2022 ба роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат дастур доданд, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

    Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафи байналмилалӣ ҷавонон, пеш аз ҳама, ба омӯзиши забонҳо машғул гарданд. «Зарурат ва аҳамияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд» -иброз доштанд Сарвари давлат.

    ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/01/dasturi-prezidenti-to-ikiston-dar-mamlakat-standarti-bajnalmilalii-ta-siloti-olii-kasb-ba-ro-monda-meshavad/


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ