Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 15 ошёнаро ба истифода доданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 15 ошёнаро ба истифода доданд

    2024-10-13
    103

    13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.

    Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани калиди  манзилҳои истиқоматӣ ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.

    Дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бино марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он оянда то 30 нафар бо кор таъмин мешаванд.

    Корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помирсоз” дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ соли 2021 оғоз гардида, дар ин муддат шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

    Бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна дар маркази вилоят тибқи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ сурат мегирад.

    Дар саҳни бино майдонча барои фароғати истиқоматкунандагон ташкил ва атроф чароғону кабудизор карда шудааст.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ