14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони вилоят чун расми истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз сарвару раҳнамои хеш сурат гирифт. Аҳли фарҳанг ва сокинони сипосгузори вилоят бо самимияти хоса меҳмони олимақомро бо суруру шодӣ ва базми зебои бадахшӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 14 октябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рушону Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ қарор доштанд.
Дар ҷараёни сафари созандаи пурмаҳсул Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва аз тарафи мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи давлат сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғоз бахшиданд.
Дар доираи ин боздид ва дар ҳошияи он наздики 100 иншоот ифтитоҳ ёфта, ба бунёди даҳҳои дигар асос гузошта шуд. Танҳо дар соҳаи маориф 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 8 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Яке аз ҳадафҳои асосии ин боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва дидору суҳбати наздик бо мардуми соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои вилоят, шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи баландкӯҳи кишвари азизамон буд.
Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо ҷашни 33-солагии Исқтиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба вусъати корҳои созандагӣ барои омодагии шоиста ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон ҳидоят намуданд.