Шоми имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд, ки то 18 октябр идома меёбанд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар майдони 800-солагии Москва пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Сипас аз ҷониби аҳли фарҳанги Қатар оҳангу сурудҳои миллӣ иҷро гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ доир шуд, ки зимни он ҷонибҳо доир ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат мубодилаи афкор намуданд.
Як ҷанбаи санъати Қатар марбут ба баҳр аст ва ҳунарҳои дигаре ҳастанд, ки ҳунармандони Қатар тавассути сурудхонӣ ва садои ширинашон баён намуданд. Ҷамъомадагон аз ҳунарнамоии Мансур Ал-Муҳаннадӣ ба сайри ҳунарии аслии Қатар ошно гардиданд, ҳамчунин ба ҳунармандон Умар Бу Сақр, Аҳамад Абдураҳим, Мансур ал-Муҳаннадӣ ва гурӯҳи навозандагон ҳамроҳӣ карданд.
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии мардуми тоҷик бо ҳунару фарҳанги Қатар баргузор гашта, баҳри таҳкими робитаҳо ва табодули фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Қатар 13 декабри соли 1994 робитаҳои дипломатиро оғоз намуда, то имрӯз марҳилаҳои гуногуни рушди дуҷонибаро тай намудаанд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2012 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа моҳи майи соли 2013 ифтитоҳ гардид.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 барои мустаҳкам гардидани ин ҳамкорӣ саҳифаи нав боз намуд. Тибқи он чандин лоиҳаҳои бузургу созанда байни якдигар ба роҳ монда шуданд. Ҳамчунин бо дастгириҳои роҳбарияти ду мамлкат якчанд лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон амалӣ шуданд. Яке аз лоиҳаҳои бузурге, ки бо дастгирии Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид, ин масҷиди ҷомеаи шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 2 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба пойтахти Давлати Қатар- шаҳри Давҳа сафари корӣ намуданд. Дар идомаи сафар Сарвари давлат дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони «Дипломатияи варзишӣ» бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҷалби сармоягузории Қатар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ бо таъсиси маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф ва баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳарду давлат табодули афкор намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг