Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш синамогарон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ташаббуси навбатии филмофарони тоҷик буда, он таҳти роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар мамлакат идома дорад.
«Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» теъдоди зиёди ҳунармандони асил, ҷавон, коршиносон ва мухлисони баландзавқи синаморо аз давлатҳои гуногун ба ҳам оварда, барои мубодилаи афкор ва баррасии тамоюлҳои нави рушди синамои муосир арсаи васеи касбӣ мегардад»,-баён дошт Дилрабо Мансурӣ.
Иброз гардид, ки дархости зиёд аз киностудияҳои давлатию хусусӣ ва шабакаҳои телевизионӣ нишони таваҷҷуҳи махсус ба синамоҷоиза буда, он ба густариши ҳамкорӣ ва рушди синамои муосир, шиносоӣ бо таърихи пурифтихору фарҳанги ғаниву воло ва хусусияти хоси миллӣ мусоидат мекунад.
Ҷоизаи беҳтарин филми мустанад дар дуюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоҳазимов, беҳтарин филми тасвирӣ ба филми «Зани Порсо»-и Фирдавс Насруллозода, беҳтарин филми дебют ба филми «Фуруғи»-и Одина Маҳмад, беҳтарин коргардон ба филми Рустам Отахонов «Танҳо ту», беҳтарин коргардон ба филми «Танҳо ту» Фирдавс Набӣ, беҳтарин наворбардор ба филми «Танҳо ту «-и Шуҳрат Қурбонов ва барои таваҷҷуҳи тамошобин ба филми «Ғам»-и Музафар Шодиев дода шуд.
Ҳамчунин барои иштирок дар Синамоҷоизаи мазкур ба Аслам Садриддин филми «Ҳафт марвориди Чин», Ғолибшо Мусоев «Ҳоло ки ман ҷавонам», Тоҳир Асрориён » Садои таммадун», Иззат Самадӣ «Фарзанди фарзонаи миллат», Далер Ҳасанзода «Мавлоно» ва ба филми Шавкат Муҳаммадиев «Ҳафткул» Дипломи дуюмин Синамоҷоизаи милли «Тоҷи Сомон» дода шуд.
Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ ҳайати доварони байналмилалӣ ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд.
Ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.
Ба озмуни Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои иштирок ва рақобат беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.