Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Китоб аст, ки донишу ҳикмат, илму маърифат ва таъриху фалсафаро ҳамчун таҷрибаи бузурги башарӣ ба хотири маърифати ҳақиқат, шинохти гузашта ва эъмори ояндаи нек аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён имрӯз зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баён дошт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки осори фарҳангии ҳар миллати мутамаддин, қабл аз ҳама, дар китоб фароҳам омадааст. Таҷрибаи башарият давоми таърих собит намудааст, ки китоб беҳтарин василаи тарбияи инсон аст. Аз ин рӯ, бузургони илму адаб ва фалсафаву ҳикмати ҷаҳон ин ҳақиқатро ба таври гуногун давоми қарнҳо ба такрор таъкид кардаанд. Аз ҷумла, адиб ва файласуфи фаронсавӣ Франсуа Волтер мегӯяд: «Варақҳои китоб ба манзалаи болҳое ҳастанд, ки руҳи моро ба олами нуру рӯшноӣ парвоз медиҳанд. Ҳарчи зиёдтар китоб бихонед, бештар аз зиндагии ҳақиқӣ бархурдор хоҳед шуд».
Дар Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон, Узбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод намуданд. Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои пайдо кардани шарикони боэътимод дар самти таҳия ва нашр намудани китобҳо иқдоми хуб ба ҳисоб меравад.
Тавре муовини директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Аъзам Назрӣ иброз намуд, ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба аҳли ҷомеа ғизои маънавӣ мебахшад. Зеро китоб маърифати мардумро боло мебардорад. Инчунин баргузории ин намоиш ба оммавигардонӣ ва дастраси насли наврасу ҷавон гардидани китобҳо мусоидат менамояд. Китобхонӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар замири ҷавонон ва наврасон бедор мекунад.
«Имрӯз дар намоиши китоб аз ҷониби нашриёти мо китобҳои таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва сиёсӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, китобҳои Пешвои миллат «Истиқлолияти ва эҳёи миллӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, инчунин китобҳои тозанашре, ки имсол рӯйи чоп омадаву дар чандин намоишҳои байналмилалӣ пешниҳод шуданд, ба мисли «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон»-и Ҷалолиддини Балхӣ» ба намоиш гузошта шудаанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҳти унвони «Китоби Душанбе» Намоишгоҳи байналмилалии китоб ҳамчун рукни пойдори фарҳанг ва иртиботи фарҳангӣ бо ноширони давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Перезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, «китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».
Ҳамчунин имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии адибони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарҷума ва нашри китоб ва конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши китоб дар густариши ҳамкории фарҳангӣ» доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 24 октябр идома меёбад.