Аз саҳифаҳои таърих метавон дарёфт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҳассоси таърихӣ ва даргириҳои шадиди сиёсӣ қабул гардидааст. Дар ин санади тақдирсоз Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардидааст. Конститутсияҳои қаблии дар Тоҷикистон амалдошта аз чунин бартарии муҳим маҳрум буданд. Раванди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якрангу ҳамвор набуда, он марҳилаи давомдор ва пурпечутобро дар бар мегирад. Чунин иброз намудааст донишҷӯйи соли 3-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳроб Сафаров дар мақолааш бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Донишҷӯи тоҷик дар идомаи матлаб чунин изҳори андеша кардааст:
—Волоияти қонун аз Конститутсия сарчашма мегирад. Асоси чунин ҷомеаро волоияти қонун, эътирофу эҳтироми он, инчунин риояву иҷрои бечунучарои меъёрҳои он ташкил медиҳад. Натиҷаи чунин амалҳо тантанаи қонун ва адолат мебошад. Аз тарафи дигар, қонун низ бояд адолатнок бошад, дар акси ҳол он наметавонад адолатро барқарор намояд. Бинобар ин, ду мафҳум – волоияти қонун ва адолат ба ҳам тавъам буда, онҳо бе ҳамдигар натиҷаи дилхоҳ дода наметавонанд.
Волоияти ҳуқуқ ва қонун яке аз асосҳо (принсип, аркон) ва аломатҳои махсуси давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд ба он маъно аст, ки ин давлат бар пояи ҳуқуқ ва волоияти он барпо мегардад. Вожаи «волоият» дар забони тоҷикӣ маънои «боло», «олӣ», «авлавият» ва «бартарӣ» -ро ифода мекунад. Ин вожа бо маъноҳои гуфташуда волоияти қонунро низ ифода карда метавонад. Волоияти қонун, ба андешаи мо, дар худ унсурҳои зеринро дар бар мегирад: 1. ҳамчун принсипи фаъолияти ҷомеаи демократӣ ва низоми сиёсии он; 2. ҳамчун принсипи давлати ҳуқуқбунёд; 3. ҳамчун принсипи ташкил ва фаъолияти давлат; 4. ҳамчун принсипи мураттабсозии низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таносуби байни онҳо; 5. ҳамчун талаботи риоя ва иҷрои дахлдори Конститутсия ва қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ.
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис дода шуд. Дар муддати ду моҳ гурӯҳи корӣ лоиҳаи нави Конститутсияро омода ва ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳаро ҷонибдорӣ ва 22 апрели соли 1992 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешнҳод намуд. Вазъи номусоиди сиёсии ҷумҳурӣ ва тезу тунд гардидани мухолифат байни гурӯҳҳои алоҳида имкон надод, то лоиҳаи Конститутсия пурра муҳокима гардад. Бо назардошти вазъияти ҷойдошта бо Қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокима то 1 июли соли 1992 дароз карда шуд. Аммо вазъи ноороми сиёсии мамлакат, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд, боиси он гардид, ки раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир афтад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи таърихсоз баргузор гардид. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Дар ин иҷлосия Қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.
Давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи аввал, тарзи идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли парлумонӣ ва лоиҳаи дуюм ба тарзи идоракунии президентӣ бахшида шуда буд.
Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идоракунии президентиро ҳимоя мекунад, маъқул дониста, онро ба муҳокимаи халқ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.
Пас аз баррасии пешниҳоду таклифҳо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки 25 сентябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шавад. Аммо баъдтар дар иҷлосияи 20-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба 6 ноябри соли 1994 гузаронида шуд.
Дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 бахшида ба қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуда, 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститустяи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ мақому манзалати хоссаро доро буда, меъёрҳои он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ин аз волоият ва нақши барҷастаи он дар давлатдории миллии мо дарак медиҳад.
Қабули якдилонаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории навини мо мебошад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини давлати мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Дарвоқеъ, Конститутсия ба сифати санади олии ҳуқуқӣ барои тамоми халқу миллатҳо азизу муътабар мебошад. Аммо бо назардошти якчанд хусусияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик боз ҳам арзишмандтар маҳсуб мешавад.
Пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро, ки орзуву омоли ҳазорсолаи мардум буд ва барои расидан ба он халқи тоҷик садсолаҳо боз муборизаҳои истиқлолиятхоҳона мебурд, эътирофӣ ҳуқуқӣ бахшида, барои ҳифзу таҳкими он ва сохтани давлати миллӣ замина гузошт.
2.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае таҳия ва қабул гардид, ки мухолифату муборизаи гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ бо ҳадафу манфиатҳои гуногун дар авҷ буда, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ баланд гардида буд. Новобаста ба ин, матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклу мазмуне таҳия ва аз ҷониби халқ қабул гардид, ки дар он иродаи тамоми шаҳрвандон ба инобат гирифта шуд. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия тавонист, ки барои хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ гузорад ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври равшан муайян намояд.
Дигар аз бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси боз ҳам баландтар гардидани мавқеи он дар низоми қонунгузории миллӣ гардид, ин дар сатҳи баланди касбӣ ва мантиқӣ эҷод гаштани он мебошад. Яъне, сарфи назар аз он ки Конститутсия дар марҳилаи гузариш аз як низом ба низоми дигар қабул гардидааст ва давоми ин 30 соли сипаришуда муносибатҳои ҷамъиятӣ ба таври чашмрас тағйир ёфтаанд, аммо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 3 маротиба тағйиру илова ворид гардидааст, ки ин гувоҳи дар сатҳи баланд эҷод гардидани он мебошад. Зеро дар муқоиса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз мамлакатҳои собиқ дар ин марҳила конститутсияҳои худро аз сари нав қабул намудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба арзишҳои муҳимеро, ба мисли соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ, иҷтимоӣ ва монанди инҳо таҷассум намуд, ки ин муҳимтарин тафовут байни конститутсияҳои пештар қабулгардида мебошад. Маҳз дар натиҷаи инъикосу таъмини ин арзишҳо имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушд қарор дошта, мардумонаш дар фазои сулҳу осошита зиндагӣ мекунанд.
Волоияти Конститутсия ва меъёрҳои он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 ба тарви возеҳ дарҷ гардидааст. Тибқи қисми 2, моддаи 9-и ин қонун Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ дар мақоми аввал меистад ва қисми 3 он қувваи ҳуқуқии онро мутаносибан дар ҷойи якум қарор медиҳад.
Дар таҳия, муҳокима ва қабулу татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург мебошад. Сарвари давлат дар тамоми марҳалаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калидӣ доранд, ки ба зимма доштани масъулияти раисии комиссияи конститутсионӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба якчанд нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намуда, дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хоссаеро доро мебошанд.
Бо итминон иброз медорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини волоияти қонун ва дар ин замина дар таҳкиму нигаҳдошти Истиқлолияти давлатӣ саҳми бузург дошта, ба сифати роҳнамои рушди давлатдории миллӣ садсолаҳо хизмат менамоянд.