Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Филми "Экран" ба наздики рӯи экран мебарояд

    Филми "Экран" ба наздики рӯи экран мебарояд

    2023-01-26
    350

    Қабули барномаҳои рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикисон барои филмофарону синамогарони Ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки дар доираи он филмҳои баландмазмуну пурмӯҳтаво офарида, рақобатпазири синамои ҷаҳонӣ гарданд. Дар ин муддат аз ҷониби синамогарони Ватанӣ чандин филм руйи экранҳои синамо падид омад, ки дар фестивалу ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷоиза гардидаанд. Дар ҳамин росто аз оғози соли равон  Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” хабари хушҳолкунандаеро баҳри дӯстдорони синамо нашр намуд, ки филми драмавиеро таҳти унвони “Экран” рӯи пардаи синамо овард.  Коргардони филм Зарифҷон Зарипов буда,  гурӯҳи эҷодӣ пас аз анҷоми наворбардорӣ муддати 7 рӯз ба танзиму тадвини ин филм машғул буданд. Хати сужаи филми “Экран” дар бораи зиндагии ҷавоне бо номи Парвиз қисса мекунад, ки  роҳи  худро дар зиндагӣ наёфтааст. Филм  44-дақиқаро дар бар гирифта, дар он нақшҳои асосиро ҳунармандон аз қабилӣ Фирӯза Раҳмонова, Қурбон Шоалимов, Озода Аҳатова, Некқадам Шоҳназаров, Амирҷон Зариф ва дигарон иҷро кардаанд. Ин ва ду лоиҳаи дигари Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” дар моҳи марти соли 2023 рӯнамоӣ мешаванд.

    Масъули сомонаи МД ТВ СИНАМО Муҳиддин Сулаймони.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ