Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки сохтмони он ҳоло дар шарқи Тоҷикистон- дар рӯди Вахш бо суръат идома дорад, яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии дунё буда, дар ҳолати пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳи бузурги гидроэнергетикӣ барои рушд ва пешрафти иқтисоди Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам оварда мешавад. Чунин гуфт дар суҳбат мутахассиси ширкати «Khakroud»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Комрон Маҳдевӣ.
Комрон Маҳдевӣ афзуд, ки 60 мутахассиси ширкати «Khakroud», ки самти фаъолияташ ба бунёди неругоҳҳои барқӣ, сарбандҳои бузург ва нақбҳо нигаронида шудааст, аз соли 2016 инҷониб дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сохтмони зеризаминии неругоҳ, аз ҷумла дар бахши корҳои буриш, таркиш ва пармагарӣ фаъолият доранд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти азими аср чӣ гуна пеш мераванд? Дар посух ба ин савол мутахассиси ширкати «Khakroud» гуфт, ки “ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», хусусан дар он бахше, ки ман масъул ҳастам, бо сифати баланд ва хуб пеш мераванд. Корҳои марбут ба таркиш ба анҷом расонида шуда, корҳои пармагарӣ ва бетонхобонӣ босуръат идома доранд”.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки мутахассисони ширкати «Khakroud» дар бунёди тарҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ таҷрибаи бой дошта, қаблан дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон, сарбанди «Тоҷан», сарбанд ва неругоҳи «Масҷиди Сулаймон», сарбанди «Шаҳриёр», сарбанди «Қорун –III», нақби «Кӯҳранг – III», неругоҳи «Сиёҳбиша» -ҳама дар Эрон ва Лоиҳаи неругоҳи барқи обии Ҳиндустон саҳм гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба силсилаиншооти энергетикии Вахш дохил буда, дар километри 110-уми самти шарқи Душанбе воқеъ мебошад. Неругоҳ аз 6 чархаи 600 МВт иборат буда, сарбанди «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Ба иттилои роҳбари гурӯҳи сафарбаршудаи намояндаи фармоишгар дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қурбонназар Давронов, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги стратегӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, босуръат пеш мераванд. Дар неругоҳ 37 ширкати сохтмонии ватанию хориҷӣ, 17 ҳазор коргарону мутахассисон ва беш аз 3,5 ҳазор техника пурмаҳсул фаъолият доранд.