Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ шинос шуд

    «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ шинос шуд

    2024-11-14
    116

    Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории озмун шинос шуд. 

    Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо шароити толорҳо ва ҷараёни озмун шинос шуда, бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузории озмун, инчунин масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва китобхонӣ суҳбат намуд.

    Дилрабо Мансурӣ бо фаҳмонидани мақсади баргузории озмунҳо, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, иброз дошт, ки бо мусоидати омӯзгорон ва падару модарон сол то сол сафи иштирокчиёни озмун бештар ва шумораи номинатсияҳо батадриҷ зиёд мегардад.

    Ҳакамони озмун ва падару модарон дар баробари сипосу эҳтиром барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати озмун ба муовини Сарвазири Тоҷикистон якчанд пешниҳоду дархосташонро баён доштанд.

    АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ