Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони пойтахт баргузор гардид.
Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён бо осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки имрӯз зурур аст ҷавонони саодатманди тоҷик аз таърихи Истиқлоли давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва мактаби нодири давлатдории Пешвои миллат ба таври кофӣ огоҳ бошанд. Зеро дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат ҷавонон меистанд, ки дар муддати кӯтоҳ барои пешрафти донишу малакаи онҳо дар мамлакат корҳои зиёду назаррас дар амал татбиқ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Президенти Тоҷикистон мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.
Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон барои ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон