Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

    «БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

    2024-11-14
    144

    Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

    27 нафар довталаб ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» гардида, ба 38 нафар занону духтарон барои иштироки фаъолона дар озмун Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

    Ҷойи якум дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳарак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи аз 2 то 5 сол доранд, ба Сафармо Исмоилзода, Дилрабо Каримӣ ва Садбарг Қудбиддинова; дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи аз 6 то 8 сол доранд, ба Ситора Худобахтчева, Адиба Абдуллозода, Суман Раҳмон; дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳарак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи зиёда аз 10 сол доранд, ба Гавҳар Одинаева, Гулбонуи Фазлиддин ва Шаҳло Назарова дода шуд.

    Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2024 аз шумораи умумии 18 ҳазору 374 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4719 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 5886 нафар 1203 нафар занон фаъолияти пурсамар доранд.

    «Ин нишондиҳандаҳо дар татбиқи амалии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар самти кор бо занон то соли 2030 қадами қатъӣ маҳсуб мешаванд», — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

    Таъкид гардид, ки озмун бо мақсади бештар таъмин намудани иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»- то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон баргузор шуд.

    Озмун аз моҳи май то моҳи августи соли равон идома ёфта, ба даври ниҳоии он 65 нафар роҳхат гирифт. 38 нафари он аз мақомоти марказӣ ва 27 нафар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот буданд.

    Озмун байни  занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, баргузор гардид.


    Дар озмун хизматчиёни давлатие, ки собиқаи хизмати давлатии аз 2 то 5 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 3 то 6 сол доштанд, аз 6 то 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 7 то 9 сол доштанд ва беш аз 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии зиёда аз 10 сол доштанд, иштирок намуданд.

    Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»  ба хотири тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ