Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

    Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

    2023-01-27
    398

    26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

    Ёдовар мешавем, ки 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

    Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.

    Таъмини рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

    Мусоҳибон  барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкории байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид карданд.

    Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.

    Зимни суҳбат Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.

    Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Арабистони Саудӣ миннатдории хешро барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур иброз намуданд.

    ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/01/to-ikiston-va-arabistoni-saud-masala-oi-amkorii-du-oniba-va-bisyor-onibaro-barras-kardand/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ