Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд

    Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд

    2024-11-27
    127

    Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар доираи он 26 ноябр дастаҳои машҳури ҳунарии Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. 

    Дар барномаи консертӣ беҳтарин намунаҳои санъати рақсию овозхонии халқӣ ва касбии Беларус ба намоиш гузошта шуд.

    Ҳамчунин меҳмонон ва ҳунармандонӣ беларусӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» шинос шуданд.

    Дар боғи зимистонаи «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ба меҳмонон бо сурудҳои тоҷикию беларусӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

    Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобили судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баргузор мешаванд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ