40 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардид,
Дар маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмун, ки 27 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 10 номинатсия медал, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, «Сипоснома»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим гардид.
Қабл аз маросими ҷоизасупорӣ намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуда, хонандагону донишҷӯён маҳсули дасташонро дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ва ихтироъкорӣ ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар маросими тантанавӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза вобаста ба пешравиҳои илмӣ-техникӣ азхуд намудани касбу ҳунарҳои миллию муосир шарти муҳиму зарурӣ буда, барои дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир шудани мутахассисон ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд. Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар пайи татбиқи сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои азхуд кардани махсусияти истифодаи техникаву технология ва касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароит муҳайё гардида, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода мешаванд.
Дар замони муосир, новобаста аз шакл ва намуди идоракунии давлат маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, азхуд намудани касбу ҳунар, рӯ овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки аз ҳама имконият истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонро бояд таъмин кард.
Дар чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз рақсу таронаҳои миллию ватандӯстӣ манзури бинандагон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 10 номинатсия Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» гузаронида шуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон