Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид

    Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид

    2024-12-04
    140

     Соли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин масъала 3 декабр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардид. 

    Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар давлатҳоии ҳамдигар ба шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат нигаронида шудааст.

    Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи густариш додани ҳамкории мутақобили судманди фарҳангӣ ибрози назар намуданд.

    Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.

    АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ