Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид

    “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид

    2024-12-04
    105

    Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии мо – “Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. 

    Дар хабари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) гуфта мешавад, ки имрӯз, 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.


    Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои парвандаи “Ҷашни Меҳргон” олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

    Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.

    Ҳамчунин имрӯз дигар номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ