Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид

    Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид

    2024-12-09
    150

    Имрӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор карда шуд.

    Дар конференсия аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт», роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

    Зимни конференсия иштирокдорон доир ба нақши Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариши давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.

    Дар доираи конференсия хатсайри сайёҳӣ ташкил шуда, иштирокчиёни он бинои нави Парлумони Тоҷикистонро тамошо намуданд.

    АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ