Имрӯз, 9 декабр геологҳои Тоҷикистон иди касбӣ -Рӯзи геологҳоро ҷашн мегиранд.
Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат чӣ нақш доранд?
Мухтор Фозилзода: Захираҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ ба миён гузошта шудааст, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил аст. Қисми муҳимтарини неруи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон базаи ашёи минералии он мебошад.
Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо — боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошанд. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ мегардад. Саридора то имрӯз дар ин самт чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст?
Мухтор Фозилзода: Дар барнома омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 56 лоиҳа дар объектҳои корҳои минтақавӣ-5 объект, металлҳои сиёҳ-7, металлҳои ранга-7, металлҳои қимматбаҳо-6, металлҳои нодир-6, ашёи сангҳои ранга-5, ашёи радиоактивӣ-4, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоэкология-3, геофизикӣ-3, корҳои мавзуӣ-3 ва нигоҳдорӣ- 7 объектро то соли 2030 ба нақша гирифтааст.
Дар давраи солҳои 2021-2024 66,7 фоизи объектҳои барномавӣ ба фаъолият фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар шаш объект «Корҳои ҷустуҷўии дақиқи зуҳуроти сурбу руҳи Сурбиён», «Корҳои ҷустуҷӯии металлҳои нодир дар майдони Шазуд-Дӯзахдара», «Ҷустуҷӯи геохимиявӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб миқёси 1:25000», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Аргли», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» ва «Корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбӣ дар майдони маъдании Ошоба» анҷом ёфтанд. Дар 29 объект корҳо идома доранд.
Амалишавии корҳои омӯзиши геологӣ тибқи барномаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ назаррас буда, чунин захираҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо: тилло, нуқра, ранга, сурма, сурб, сиёҳ: ванадий, оҳан, нодир ва нодирзаминӣ, тантал, ниобий, литий, бериллий, лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий, иттрий, маъдани титан – илменит, маъдани элементҳои нодир- монатсит, сиркон (маъдани сирконий ва гафний) пешгӯӣ карда шуданд.
Вазифаи дигаре, ки Саридора барои расидан ба ҳадафҳои барнома бояд иҷро намояд, ин арзёбии маҷмуӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида бо иттилои зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, ташкилот ва аҳолӣ мебошад.
Дар самти корҳои гидрогеологӣ ва таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ аз рӯи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ» дар ҳудуди ҷумҳурӣ 29 пармачоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 190 пармачоҳ тариқи шартнома бо жарфи умумии 17 253 метри тӯлонӣ парма карда шуда, муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ- геологӣ», дар 5231 деҳа, мавзеъ ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муоина гузаронида, ба 2470 хоҷагӣ ва 1 мактаб барои ба ҷойи бехавф кӯчонидан тавсия дода шуд. Тибқи дархостҳо, тариқи шартнома таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар 240 мавзеъ дар масоҳати 2565,84 гектар барои сохтмонҳои гуногун гузаронида шуданд.
Мувофиқи лоиҳаи «Кадастри давлатии об» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аввалин дар 273, такрорӣ дар 2578 ва реҷавӣ дар 4548 пармачоҳ гузаронида шуда, 2204 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд.
Ҳамчунин имсол дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
АМИТ «Ховар»: Қаъри замини Тоҷикистон дорои захираи бойи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ буда, омӯзиш ва коркарди онҳо асоси пешбурди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар омӯзиш ва муайян кардани захираҳои бойи табиӣ нақши геологҳо назаррас аст. Сарватҳои зеризаминии нодир дар Саридора чӣ гуна омӯхта мешаванд? Соли 2024 кадом сарватҳои зеризаминии нодир кашф шуданд?
Мухтор Фозилзода: Зуҳуроти металлҳои нодир, аз ҷумла литий, аксаран дар минтақаҳои шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми камтар азхудшуда ва мушкилгузар ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани омӯзиши геологӣ 15 майдон ҷудо карда шуд. Ба онҳо майдонҳои пегматитдори Қаросу, Ағбасой, Пайрон, Рохшиф, Туро-Самҷон, Ҷиндон-Дакоданг, Назарайлоқ, Иштансалдин, Ёрмазор, Ясман, Барзангӣ, Камарсу, Хонақо, Войдара ва Хочилёр дохил мешаванд.
Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» дар зуҳуроти Намадгут ва Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ» дар майдони пегматитдори Шозуд-Дузахдара корҳои омӯзиши геологиро амалӣ намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳисоботи геологӣ бо ҳисоби захираи металлҳои нодир бо категорияҳои С2 ва Р1 пешниҳод намуданд.
Инчунин тибқи барнома, корҳои ҷустуҷӯию баҳодии геологӣ барои металлҳои нодир, аз ҷумла литий боз дар чор объект пешбинӣ гардид. Соли равон лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти металлҳои нодири Гапиров (Ёсуман)» таҳия ва тасдиқ гардид ва соли аввали корҳои геологии саҳроӣ гузаронида шуд.
Корҳо дар самти омӯзиши ашёи сангҳои худҷило ва ороишӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
Мухтор Фозилзода: Корхонаи воҳиди давлатии умумуҷумҳурии «Экспедитсияи иктишофии геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» махсус ба омӯзиши сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ машғул аст.
Соли равон аз рўи ду лоиҳа: «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим» ва «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти аметистҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои саҳроӣ гузаронида шуданд. Натиҷаи асосии корҳои мавсимии ин минтақа баъди ташхисҳои лабораторӣ нисбатан мусбат арзёбӣ шудани зуҳуроти нав кашфкардаи сапфири «Ишкошим», зуҳуроти турмалини Бағуш ва зуҳуроти корунди Бағуш мебошанд. Баъд аз омӯзиш ва ташхиси маҳакҳо ба сифати ашё ҳамчун маводи хуби ҷавҳарӣ ва коллексионии ҷавобгӯ ба стандартҳои соҳавӣ баҳо гузошта шуд.
Инчунин дар ин давра якчанд нуқтаи минералнокии сангҳои худҷило, ба монанди сапфир, турмалин, ёқут, лаъли кабуд, фостерит, офикалсит ва офит маълум карда шуд.
Тибқи лоиҳаи «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти аметистҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар майдони зуҳуроти аметистдори дараи Ҳакимӣ ва Чапак бо релефи душворгузар дар хати обтақсимкунаки ҳарду дара чор раги аметистдор мушоҳида гардид.
Баъди коркарди маҳакҳо ва натиҷаи ташхиси геммологии онҳо муайян гардид, ки дар зуҳуроти Войдара сифати ашё нисбатан хубтар мебошад.
Инчунин дар асоси шартнома бо ҷамъият ва ширкатҳои ватанӣ омӯзиши сангҳои ороишии мармар, гранодиорит, гранит, оҳаксанг ва регсанг аз тарафи корхонаҳои тобеи Саридора гузаронида шуд.
Барои пешбурди корҳои геологӣ, албатта, мутахассисони баландихтисос зарур мебошанд. Дар Саридораи геологияи Тоҷикистон мутахассисони геолог мерасанд?
Мухтор Фозилзода: Дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама соҳа аз неруи кадрӣ вобастагӣ дорад. Саридора бо мутахассисони ихтисоснок таъмин мебошад. Солҳои 2021-2024 эҳтиёти соҳа ба мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ватанӣ ва хориҷӣ то як андоза таъмин карда шуд. Дар ин давра дар сохторҳои тобеи Саридора аз рӯи ихтисосҳои гуногуни соҳавӣ зиёда аз 77 мутахассис ба кор қабул гардид. Инчунин дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо», ки дар назди Саридораи геология амал мекунад, 692 нафар касбомӯз аз рўи 11 ихтисоси соҳавӣ даврҳои омӯзиширо хатм намуданд.
Бо мақсади рушд додани корҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст?
Мухтор Фозилов: Саридора тибқи шартнома бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла бо «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», «ТВЕА -Душанбе саноати кӯҳӣ», «Кӯҳсор Минералс», «Талко Голд», «Рушди энержи Ҳайтуо» барои бурдани корҳои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар ин замина «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025» ба имзо расидааст.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои густариш додани ҳамкорӣ бо Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми заминшиносӣ, бо Хадамоти геологии Британияи Кабир, Вазорати саноати кӯҳкорӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон) барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ, бо Хадамоти геологияи Финландия дар доираи лоиҳаи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некуаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи II», бо Созмони заминшиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ташкили кумитаи техникии муштарак бо мақсади амалӣ намудани омӯзиши заминшиносӣ ва мубодилаи илмӣ-эҷодӣ Ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.