30 сол муқаддам, замоне, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар вазъияти хеле душвор қарор дошт, ҳизбе аз созмонёбии худ хабар дод, ки ҳадафу мақсад ва рисолати меҳварии он ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврае ба майдон ё корзори сиёсии мо омад, ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон даргири ҷанги таҳмилии шаҳрвандию ноамнию бесуботӣ буд ва мардуми азияткашида ба паёми созанда ва сабзу шукуфое ниёз дошт, ки тавонад дар атрофи он сарҷамъу муттаҳид гардида, барои фардои осоиштагӣ ва пойдорию суботу пояндагии меҳани худ тамоми кӯшишу ғайрат ва қобилиятро раовн намояд.
Бо ҳамин мақсад Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми 30 соли фаъолияти пурсамар ва гуногунсамту ҳамешагӣ зери шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи аз ҷангу ноамнӣ ва ноумедӣ бадодомадаи ҷумҳуриро аз роҳи сарбаста ба масири пурифтихор ва пойдори сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамун сохт.
Ин нуктаро низ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд».
Имрӯз боифтихор метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои ин вазифаи муҳиму таърихӣ бо сарбаландӣ ва садоқатмандӣ баромад ва ҳоло маҳз бо шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо, махсусан пойтахти он-шаҳри Душанбе бомаром рушд дорад ва масири бунёдкорию ободониҳо бемайлон идома дорад.
Фаъолияти гуногунсамт ва пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо далели равшани он аст, ки он бо барномаҳои нав, ғояҳои ҷадид ва стратегияҳои судманд вориди ҷомеаи муосиру мутамаддини тоҷик гардида, инъикоскунандаи манфиатҳои миллии мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷалби ҷавонон ба сафҳои ҳизб ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои созандаи онҳо дар ростои давлатдории миллӣ ташкил медиҳад.
Тавре аз барномаи ҳизб барои солҳои 2020-2025 бармеояд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдоми созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободию пешрафти босуботи мамлакат дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон» – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллии мо маҳсуб мешавад, вусъат бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.
Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ин раванд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносию ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, ватанамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Маҳз ҳамин ташаббусҳо аст, ки имрӯзҳо ҷавонони зиёде, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ мешаванд ва аз ҷониби давлату миллат барои хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мегарданд.
Ҳамчунон ки борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро метавон мактаби камолоти сиёсии ҷавонон ва ниҳодҳое, чун «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» ва «Созандагони Ватан»-ро ба далели он ки аксари кормандонашон аъзои ҳизби мо мебошанд, аз ҷумлаи чунин мактабҳо маънидод кард.
Яъне, маҳз ин гуна мактабҳо ҳастанд, ки ҷавонони зиёдеро фаро мегиранд ва аз байни онҳо номзадҳои арзандаро барои хизмат ба давлату миллат ва Пешвои миллат тарбия мекунанд.
Боиси хушнудӣ аст, ки ҳоло тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 85 ҳазору 958 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 33 ҳазору 494 нафари онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Танҳо дар шашмоҳаи соли равон 3588 нафар сокини пойтахт бо хоҳиши худ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, дар пойтахти мамлакат 36 ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Басёр рамзӣ аст, ки имсол аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-солагии таъсиси ҳизбро тавъам бо тантанаҳои ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Воқеан ҳам, баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, пайваста дар ин самт стратегияю барномаҳои мушаххас қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Аз ин хотир, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин ҳама масъалаҳоро дар меҳвари Барномаи худ барои солҳои 2020-2025 қарор додааст.
Вобаста ба ин, дар баробари дигар аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қалби бузургу муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе низ ҳамеша барои саҳм гузоштан дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат талош доранд.
Тавре Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бовар дорам, ки ҳар шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд».
Умед дорем, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар саросари мамлакат, махсусан дар қалби бузургу муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе минбаъд низ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода намуда, тавассути усулҳои нави корӣ масъулияти худро беш аз пеш тавсеа мебахшанд ва бо ин роҳ дар амалишавии ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас мегузоранд.