Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

    «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

    2024-12-12
    120

     6 нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ва роҳбарони онҳо аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки аз рӯйи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. 

    Мукофотҳо 10 декабр аз ҷониби Ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва роҳбарони онҳо супорида шуданд.

    Ғолибони ҷойҳои якум-магистранти курси 1-уми факултети механикӣ ва технологӣ Хушбахт Мирзовалиев дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 2-юми факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳриёр Иноятов дар номинатсияи «Физика ва астрономия» бо 5000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

    Ғолибони ҷойҳои дуюм — донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ Ҳотамҷон Замонов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Бинёмин Афроимов дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» бо 4000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

    Ғолибони ҷойҳои сеюм -донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» Сиёвуш Файзуллоев ва докторанти PhD факултети сохтмон ва меъморӣ Бахтиёр Гулямов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

    Инчунин ба роҳбарони ғолибон мукофотпулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ супорида шуд.

    Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамасола бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигарон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

    АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ