Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.
Озмун бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он бо назардошти ба даст овардани холҳои бештар аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маводи телевизионӣ» ҷойи якум ба Ҳофиз Абасаев, ҷойи дуюм ба Зикриё Раҳимов ва ҷойи сеюм ба Фаррух Ҳомидов дода шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин маводи матбуотӣ» ҷойи якумро Ҳусниддин Холов ба даст овард. Ҷойи дуюм ба Фароғат Муҳаббатова ва ҷойи сеюм ба Сироҷиддин Шукурӣ дода шуд.
Ҳамзамон дар номинатсияи «Беҳтарин маводи радиоӣ» Абдунасим Раҷабов ҷойи якум, Фирӯз Каримзода ҷойи дуюм ва Дилбар Исматова ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Озмун тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 ноябри соли 2024 тасдиқ гардида, бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе, ҳамкории густурда ва ҳавасмандгардонии кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор карда шуд.
Озмун тавассути шабакаҳои телевизионию радиоӣ, сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда шуда, намояндагони воситаҳои ахбори омма, бахусус кормандони соҳаи телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо маводи омоданамудаашонро ба ҳайати комиссияи озмун пешниҳод намуданд.
Ҳайати комиссияи озмун ба маводи пешниҳоднамудаи довталабон аз рӯи мутобиқат ба муҳтавои озмун, қобилияти эҷодӣ, касбияти техникӣ, сифати банду баст, диди коргардонию наворбардорӣ, инъикоси саҳми Раиси шаҳри Душанбе дар рушди самтҳои гуногуни шаҳрдорӣ ва муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри пешрафта ва амну осоишта баҳо гузошт.