Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд

    Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд

    2024-12-17
    160

     Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-14 декабр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2024» баргузор шуд.

    Дар озмун ҳафт донишҷӯи факултети сохтмон ва меъморӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

    Дар номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн донишҷӯён Давлатниёз Меҳмонов ҷойи якум, Фароз Дилшодов ҷойи дуюм, Гулсун Бердиева ҷойи сеюм ва Ҳоҷиқурбон  Маҳмадҷонзода соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.

    Дар номинатсияи асари меъморӣ донишҷӯён Самира Қодирова соҳиби ҷойи якум, Саидбек Изатзода ҷойи дуюм ва Масрур Зулфонзода соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Инчунин барои  иштироки фаъолона устодони факултети сохтмон ва меъморӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

    Мақсади Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва мустаҳкам намудани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ ба шумор меравад.

    Дар озмун пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва донишҷӯён лоиҳаҳояшонро ба намоиш гузоштанд.

    Дар маҷмуъ 278 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна, иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, бино ва иншооти истеҳсолӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ва асари меъмории донишҷӯён пешниҳод гардид.

    АКС: Донишгоҳи техниии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ