Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид

    «ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид

    2024-12-18
    160

    Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе» байни кӯдакони ятим  озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» оғоз гардид. 

    Ҳадаф аз баргузор намудани озмун таҳкими ҳисси ватанпарастӣ, садоқат ба Пешвои миллат, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳавасманд намудани онҳо ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мебошад.

    Озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» аз рӯйи се бахш дар се гурӯҳи синфҳо идома дорад:

    — «Расми беҳтарин» дар мавзуи «Истиқлолият аз нигоҳи ман» байни хонандагони синфҳои 1-4;

    — «Риёзидони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 5-8;

    — «Ҳуқуқдони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 9-11.

    Озмун 19 декабр ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

    Бояд таъкид намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон мавқеи меҳварӣ дорад. Ин гурӯҳи аҳолӣ таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро ҳамеша дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақилона гусел намудан нигоҳубин менамояд. Дар мамлакат барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

    АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ